Шанбе, 28 ноябр 2026
Сиёсат

Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи 112-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар рафти ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби маҳдуд ва васеъ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории иқтисодӣ дар ҳавзаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи баррасӣ қарорҳои дахлдори Шурои иқтисодӣ қабул гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj