Ҷумъа, 27 ноябр 2026
Фарҳанг

Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Эҳё ва муаррифии мероси Борбади Марвазӣ на танҳо дастоварди миллӣ, балки саҳми арзандаи мо дар ғанигардонии фарҳанги умумибашарӣ маҳсуб мешавад. Чунин ибрози назар намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ имрӯз зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» дар шаҳри Душанбе.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии конфронси имрӯза танҳо арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор нест, балки мо бояд дар шароити ҷаҳоншавӣ роҳҳои ҳифз ва омӯзиши амиқи илмии ин ганҷинаи бебаҳоро баррасӣ намоем.

Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «дар таърихи тамаддуни башарият номи Борбади Марвазӣ ҳамчун бунёдгузори мусиқии Шарқ, оҳангсози нотакрор ва мутриби чирадаст бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсоз эътироф гардидааст».

Борбади Марвазӣ муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ» ва бунёдгузори сабки «Мавригихонӣ» дониста мешавад. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми ориёӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан 30 лаҳни Борбад яке аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб шуда, минбаъд асоси шуъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо, дувоздаҳмақом, дувоздаҳ парда, ҳафтдастгоҳ ва шашмақом гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, ки «…бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Ҳамчунин иброз шуд, ки мусиқии халқӣ хотираи зиндаи як миллат аст, ки таърих, забон, арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти беназири онро нигоҳ медорад. Он хиради наслҳо ва расму ойинҳоро инъикос мекунад ва эҳсоси ҳамбастагиро ба вуҷуд меорад. Бе он ҳувият, рамзҳои фарҳангӣ ва робита бо решаҳо аз байн мераванд.

Дилрабо Мансурӣ афзуд, ки «мусиқӣ ҳамчун забони муштараки башарият тавони онро дорад, ки дилҳоро ба ҳам наздик созад, дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро байни халқҳо тақвият диҳад ва паёми сулҳу ваҳдатро ба ҷаҳониён расонад».

Омӯзиши мероси ин нобиғаи миллат барои Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дорад, зеро он решаҳои қадимии санъати мусиқии касбии миллати тоҷикро исбот мекунад. Инчунин таҳқиқи мерос ва паҳлуҳои дигари эҷодии ӯ нишон медиҳанд, ки мусиқии касбии тоҷикон таърихи бойю рангин дорад. Омӯзиши фаъолияти Борбади Марвазӣ барои аз нав зинда кардани созҳои қадимӣ, назарияи оҳангсозӣ ва истилоҳоти асили мусиқии тоҷикӣ замина мегузорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj