ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ ба гиромидошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷик — Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегарданд.
Мухбири АМИТ «Ховар» бо сармуҳаррири маҷаллаи дузабонаи «Мероси Эрон» Шоҳрух Аҳкомӣ, ки давоми 30 соли охир дар иёлати Ню-Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр мешавад, дар бораи аҳаммияти ин ҳамоишҳо, муаррифии мероси муштараки фарҳангӣ ва зарурати густариши ҳамкории фарҳангӣ суҳбат анҷом дод.
— Ба иттилои Шоҳрух Аҳкомӣ, давоми фаъолияти маҷаллаи «Мероси Эрон» теъдоди зиёди нависандагону шоирони тоҷик мақолаҳо ва шеърҳояшонро ба нашрия ирсол мекарданд. Маҷалла низ пайваста дар бораи Тоҷикистон мавод нашр менамуд.
«Ҳамчунин ду ҷилд аз китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба ман тақдим шуда буданд, мавриди омӯзиш қарор додам ва хулосаи муҳтавои онҳоро дар маҷалла ба нашр расонидам», — илова кард ӯ.
Ба таъкиди мусоҳиб, чорабинии рӯзҳои 23 ва 24 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор гардида, аҳли фарҳангу адаби Тоҷикистон, Эрон, Покистон ва Бангладешро гирди ҳам овард. Дар доираи он дар бораи Абуалӣ ибни Сино ва Ҳаким Умари Хайём суханрониҳои ҷолиб манзур гардида, барои ошноии намояндагони муосири адабиёт бо ҳамдигар замина фароҳам оварда шуд.
«Барнома воқеан хуб, мураттаб ва муназзам ташкил шуда буд ва сазовори таҳсину қадрдонӣ мебошад», — иброз дошт Шоҳрух Аҳкомӣ.
Дар идома ӯ ба мақому ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино ва арзиши осори гаронбаҳои ин донишманди бузург ишора карда, чунин гуфт:
«Абуалӣ ибни Сино мефармояд:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал».
Ба андешаи мавсуф, Абуалӣ ибни Сино дар осори бузурги худ масъалаҳои гуногуни адабӣ, тиббӣ, фалсафӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Осори гаронбаҳои олим, ки ҳудуди 150 асарро дар бар мегирад, то имрӯз дар ихтиёри башарият қарор доранд.
«Ӯ ба мо меомӯзонад, ки зиндагӣ арзишманд аст ва бояд аз он ба таври судманд истифода барем», — таъкид намуд мусоҳиб.
Шоҳрух Аҳкомӣ аҳаммияти чунин ҳамоишҳоро дар таҳкими ҳамбастагӣ ва наздикшавии мардуму фарҳангҳо арзёбӣ намуда, гуфт, ки онҳо дар ҷаҳоне, ки пур аз ранҷу азоб ва мушкилоти фикрӣ, ҷисмонӣ ва равонии байни мардум аст, барои рафъи ин мушкилот ва ба ҳам наздик намудани инсонҳо нақши муҳим доранд.
«Ин гуна ҳамбастагиҳо рӯз ба рӯз бештар хоҳанд шуд. Онҳо ба мардум паёми дӯстӣ, муҳаббат ва дилбастагӣ ба адабиёту фарҳангро мерасонанд», — изҳор дошт номбурда.
Мусоҳиб ҳамчунин таассуроти худро аз иштирок дар чорабиниҳо ва шиносоӣ бо намояндагони фарҳангу адаби Тоҷикистон ёдовар шуд.
«Ин чанд рӯзи барнома воқеан боис гардид, ки бо бисёре аз шахсиятҳои Тоҷикистон шинос шавам. Ин ошноӣ муҳаббату эҳтироми маро, ки солҳои тӯлонӣ нисбат ба мардуми фарҳангдӯсту форсизабон ва тоҷикон доштам, боз ҳам бештар кард ва маро ба забону адабиёти онҳо дилбастатар намуд», — афзуд Шоҳрух Аҳкомӣ.
Ба арзёбии ӯ, ҳама барномаҳо дар сатҳи хуб баргузор гардида, ҳар суханрон дар соҳаи фаъолияти худ андешаҳо ва навиштаҳои арзишманд пешниҳод намуд. Тартибу низоми баргузории чорабиниҳо низ хуб ба роҳ монда шуда буд.
Шоҳрух Аҳкомӣ иброз дошт, ки ин нахустин иштироки ӯ дар чунин ҷаласаҳои муштараки Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҳамзамон аз дӯстони худ, ки пайваста ба Тоҷикистон сафар мекарданд, ёдовар шуда, аз ҷумла саҳми доктор Абтин Сосонфар ва доктор Масъуд Миршоҳиро дар рушди робитаҳои фарҳангӣ таъкид намуд.
«Доктор Абтин Сосонфар дар Тоҷикистон корҳои зиёди фарҳангӣ анҷом дода, ба ин кишвар муҳаббату дилбастагии зиёд дошт. Шахси дигар доктор Масъуд Миршоҳӣ мебошад, ки дар ин ду рӯз низ дар ташкили барнома нақши хеле муассир дошт. Ӯ воқеан яке аз хидматгузорони арзандаи фарҳангу адаби тоҷику форс мебошад ва мардуми наҷибу фарҳангдӯсти Тоҷикистон ӯро хуб мешиносанд», — гуфт мусоҳиб.
Дар мавриди дурнамои баргузории чунин чорабиниҳо Шоҳрух Аҳкомӣ зарурати идомаи ин ташаббус ва васеъ намудани ҷуғрофияи онро муҳим арзёбӣ кард.
«Ба андешаи ман, идомаи чунин барномаи дурӯза, ки бо заҳмати зиёд ташкил мешавад ва кори осоне нест, аҳаммияти бисёр бузург дорад. Хуб мешуд, ки чунин чорабиниҳо дар баробари Париж, ки шояд яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ, ҳунар ва адабиёти ҷаҳон бошад, дар Ню-Йорк ё Вашингтон низ баргузор шаванд ва доираи фарогирии онҳо васеъ гардад», — иброз дошт ӯ.
Мусоҳиб зарурати муаррифии бештари фарҳангу адаби форсӣ ба наслҳои ҷавон, ба хусус дар байни ҷомеаи амрикоиро таъкид намуда, гуфт, ки ин кор солҳои тӯлонӣ аз ҳадафҳои фаъолияти ӯ будааст.
«Мо солҳои тӯлонӣ талош мекардем, ки фарҳанги форсӣ, адабиёти форсӣ ва мардуми форсизабонро ба амрикоиён муаррифӣ намоем. Дар байни афроди таҳсилкарда ва дорои сатҳи баланди фарҳангӣ дар Тоҷикистон, Эрон ва сарзамини Хуросони бузург ин фарҳанг ва тамаддун хуб шинохта шудааст. Аммо мардуми одӣ, ба хусус наслҳои ҷавон, фарзандону наберагони мо ниёз ба он доранд, ки бо фарҳанги аҷдодии худ ҳарчи бештар шинос шаванд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар фарҷоми суҳбат Шоҳрух Аҳкомӣ аҳаммияти ташаббусҳои фарҳангиро дар муаррифии мероси тамаддунии муштарак таъкид намуда, ба ташкилкунандагони чорабиниҳо ва роҳбарияти Тоҷикистон барои талошҳои анҷомдода изҳори сипос кард.
«Тавре гуфтам, чунин иқдомҳои зебои фарҳангӣ барои шинос сохтани ҷаҳониён бо тамаддуни бузурге, ки мо меросбари он ҳастем, аҳаммияти калон доранд. Талошҳои шумо ва Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд. Ба ҳамаи шумо, азизон, рӯзҳои пур аз хайру шодӣ орзу менамоям»,- афзуд дар анҷом ӯ.
Таҳияи Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj


