Шанбе, 28 ноябр 2026
Хабарҳо

Масъалаҳои мубрами таҳқиқи мактабҳои фалсафии машшоияи шарқӣ ва ғарбӣ баррасӣ гардид

Масъалаҳои мубрами таҳқиқи мактабҳои фалсафии машшоияи шарқӣ ва ғарбӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳқиқи мактабҳои фалсафии машшоияи шарқӣ ва ғарбӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Конференсия ба 45-солагии фаъолияти илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Саид бахшида шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки фалсафа дар таърихи тамаддуни инсонӣ ҳамчун шакли муҳими тафаккури назариявӣ, воситаи дарки моҳияти ҳастӣ, қонуниятҳои инкишофи табиат ва ҷомеа, инчунин муайян намудани муносибати инсон ба олами воқеӣ мавқеи бунёдӣ дорад. Тавассути фалсафа масъалаҳои ҳастӣ, маърифат, ақл, ҳақиқат, инсон, ҷомеа, ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дар сатҳи назариявӣ ва методологӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Мактаби машшоия яке аз равияҳои бунёдии таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, сарчашмаҳои назариявии он ба таълимоти Арасту пайванд доранд. Анъанаи машшоъ, ки ба мантиқ, таҳлили рационалӣ, тафаккури назариявӣ ва ҷустуҷӯи пайвастаи ҳақиқат такя мекунад, дар рушди фалсафаи ҳастӣ, назарияи маърифат, фалсафаи табиат, ахлоқ ва фалсафаи сиёсӣ нақши назаррас гузоштааст. Дар муҳити фалсафии Шарқ ин анъана на танҳо мавриди омӯзиш ва шарҳ қарор гирифта, балки тавассути таҳқиқоти мустақилонаи мутафаккирон мазмун ва хусусиятҳои нави назариявӣ касб намуда, ба яке аз пояҳои муҳими рушди фалсафаи асрҳои миёна табдил ёфтааст.

Таъкид шуд, ки ташаккул ва рушди машшоия дар Шарқ бо фаъолияти илмӣ ва фалсафии мутафаккирони барҷаста, аз ҷумла Абӯнасри Форобӣ ва Абуалӣ ибни Сино робитаи мустақим дорад. Осори онҳо дар ташаккули мантиқ, метафизика, назарияи маърифат, фалсафаи инсон, ахлоқ ва илмҳои табиӣ мавқеи калидӣ дошта, ба рушди минбаъдаи фалсафаи ҷаҳонӣ таъсири назаррас расонидааст. Махсусан, масъалаҳои вуҷуд ва моҳият, ақл ва маърифат, робитаи фалсафа ва илм, муносибати нафс ва ҷисм, моҳияти инсон ва имкониятҳои маърифатии ӯ дар осори ин мутафаккирон бо сатҳи баланди таҳлили назариявӣ баррасӣ гардидаанд

Таҳқиқоти илмии профессор Нуриддин Саид, ки ба масъалаҳои инсон, моҳият ва неруҳои моҳиятии инсон, қобилиятҳои инсонӣ ва таҳлили муқоисавии таълимоти Арасту ва Абуалӣ ибни Сино бахшида шудаанд, аз аҳамияти назариявӣ ва методологӣ бархӯрдор мебошанд. Самти таҳқиқоти ӯ ба яке аз масъалаҳои бунёдии фалсафа – дарки инсон ҳамчун мавҷуди дорои моҳият, қобилиятҳои ақлонӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ равона гардидааст. Ин масъала дар тамоми марҳилаҳои таърихи фалсафа мавриди таваҷҷуҳи мутафаккирон қарор дошта, дар шароити муосир низ аҳамияти худро нигоҳ медорад.

Гуфта шуд, ки таҳқиқи муқоисавии муаммои инсон, моҳият ва неруҳои моҳиятии ӯ дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино, ки дар фаъолияти илмии профессор Нуриддин Саид мавқеи муҳим дорад, барои муайян намудани умумиятҳо ва хусусиятҳои хоси андешаҳои фалсафии Шарқ ва Ғарб заминаи назариявӣ фароҳам меорад. Дар ин раванд, инсон на танҳо ҳамчун объекти таҳқиқоти фалсафӣ, балки ҳамчун субъекти маърифат, фаъолияти созанда, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ташаккули арзишҳои маънавӣ баррасӣ мешавад.

Иброз гардид, ки дар таълифоти илмии профессор Нуриддин Саид, аз ҷумла асарҳои «Масоили қобилият дар таърихи фалсафа», «Муаммои инсон дар илми ҳикмат», «Муаммои инсон дар фалсафа», «Инсон, моҳият ва неруҳои моҳияти ӯ дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино» ва «Таҳлили татбиқии таълимоти Арасту ва Ибни Сино доир ба инсон» масъалаҳои инсоншиносии фалсафӣ ва таҳлили муқоисавии таълимоти фалсафии классикӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ин самти таҳқиқотӣ дар баробари арзиши таърихию фалсафӣ, аҳамияти методологӣ низ дошта, барои дарки муносибатҳои байниҳамдигарии фалсафаи Шарқ ва Ғарб, таҳлили масъалаҳои қобилият, моҳият ва имкониятҳои инсон дар низоми донишҳои фалсафӣ мусоидат менамояд.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзуи «Саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқи анъанаҳои ратсионалии фалсафаи машшоия» ва дигар олимону муҳаққиқон доир ба масъалаҳои гуногуни таърихи фалсафаи машшоия, хусусиятҳои назариявию методологии таълимоти фалсафии Арасту ва Ибни Сино, нақши мутафаккирони тоҷик дар рушди анъанаҳои ратсионалии фалсафаи Шарқ, инчунин аҳамияти таҳқиқоти муқоисавии мактабҳои фалсафии Шарқ ва Ғарб маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом Нуриддин Саид дар мавзуи «Муаммои нафс дар фалсафаи Абулӣ ибни Сино» маъруза намуда, масъалаҳои назариявию фалсафии нафсро дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Доир ба моҳияти нафс, робитаи он бо ҷисм, зинаҳои нафс ва нақши он дар ташаккули маърифати инсон андешаҳои илмии худро баён намуд. Ҳамзамон аҳамияти таълимоти Ибни Сино дар бораи нафс дар таърихи фалсафаи Шарқ ва таъсири он ба рушди минбаъдаи афкори фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj