Шанбе, 28 ноябр 2026
Иқтисод

БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад

БУНЁДИ  БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ.  Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» беш аз 113,5 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Дар айни замон дар мамлакат боғҳои ситрусӣ 452 гектарро ташкил медиҳанд. Оё ин нишондиҳанда барои таъмини бозори дохилӣ ва афзоиши содирот кофӣ аст ё ҳанӯз ҳам имконоти истифоданашуда зиёданд? Доктори илмҳои биологӣ, профессор Саидалӣ Гулов рушди соҳаи ситруспарвариро дар мамлакат шарҳ медиҳад.

— Барои рушди истеҳсолот бояд соҳаҳои фавқулинтенсивии кишоварзиро ривоҷ диҳем, яъне ҳамон соҳаҳоеро, ки аз ҳар гектари он даромади хуб ва зиёд ба даст меояд. Дар шароити имрӯза яке аз чунин соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ситруспарварӣ мебошад. Рушди соҳаи ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои даромад ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат буда, ба паст гардидани нархи маҳсулот дар бозорҳо, таъсиси ҷойи нави кор ва аз ҳама муҳим, ба таъмини амнияти ғизоии мамлакат мусоидат менамояд.

Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз меваҳои ситрусӣ дар саноати хӯрокворӣ низ васеъ истифода бурда, нӯшоба, ширавор, мураббо, шарбатҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ, аз ҷумла мармелад ва ғайра истеҳсол мекунанд.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар бисёр минтақаҳо парвариши меваҳои субтропикӣ ба роҳ монда шавад. Масалан, водии Вахш, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон барои амалӣ гаштани ин корҳои муҳим хеле мувофиқ мебошанд. Вале аксарияти ин заминҳо обӣ буда, барои парвариши пахта ҷудо карда шудаанд.

Дар водии Вахш қариб 200 ҳазор гектар замини талу теппаҳоро метавон барои истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом, анҷир, уноб) кор фармуд ва дар байни онҳо ҷои намоёнро ситруспарварӣ ишғол менамояд. Ба чунин минтақаҳо ҳамчунин навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Ҳисор, Данғара, Ёвон ва ҳатто Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияи Дарвоз)- ро дохил намудан мумкин аст.

Рушди соҳаи ситруспарварӣ бе маблағгузорӣ ғайриимкон аст. Барои пешбурди ин соҳа бояд маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад. Дуруст ба роҳ мондани рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки на фақат талаботи аҳолӣ ба ин меваи серғизо таъмин карда шавад, балки ба хориҷи мамлакат низ содирот гардад.

Таҳқиқоти солҳои охир нишон доданд, ки лимӯро дар ҷумҳурӣ берун аз хандақҳо, яъне дар лимӯхонаҳои рӯйизаминӣ низ парвариш кардан имкон дорад. Хусусан, барои ин кор шароити иқлими водиҳои Вахшу Ҳисор мувофиқ аст. Чунин тарзи лимӯпарварӣ шароит фароҳам меорад, ки захираҳои меҳнатӣ самаранок истифода гарданд.

Барои рушд ва самаранокии соҳаи ситруспарварӣ ҳалли чунин мушкилот дар мадди аввал аст:

— ба роҳ мондани технологияи инноватсионии парвариши растаниҳои ситрусӣ дар шароити Тоҷикистон;

— интродуксияи (мутобиқгардонии) намудҳои гуногуни растаниҳои ситрусӣ;

— татбиқи дастовардҳои илмии пажуҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ доир ба агротехникаи парвариши растаниҳои ситрусӣ;

— кор карда баромадани сохти нави гармхонаҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ барои парвариши растаниҳои ситрусӣ вобаста ба шароити хоку иқлими минтақаҳои Тоҷикистон;

— ба роҳ мондани усулҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растаниҳои ситрусӣ.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj