ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо оид ба омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Борбади Марвазӣ, нақши ӯ дар ташаккул ва рушди мусиқии анъанавии Шарқ, инчунин имкониятҳои густариши ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ 27 ноябр зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо асосгузор ва директори Институти байналмилалии мусиқии ҷаҳонӣ Маргарет Дешено мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки халқи тоҷик аз қадим ба санъату мусиқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар тӯли таърих бо эҷоди осори арзишманди фарҳангӣ ва мусиқӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар ин замина, Борбади Марвазӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи мусиқии тоҷику форс ва Шарқ мақоми махсус дошта, фаъолияти эҷодӣ ва навоварии ӯ дар ташаккул ва такомули санъати мусиқӣ таъсири амиқ гузоштааст.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси Борбади Марвазӣ, муайян намудани ҷойгоҳ ва аҳамияти он дар таърихи мусиқии ҷаҳонӣ, инчунин муаррифии ин мероси арзишманд дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот ҳамзамон ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории минбаъда, ба роҳ мондани ташаббусҳои муштарак дар самти омӯзиши мероси мусиқии Шарқ, ҷалби муҳаққиқон ва мутахассисони байналмилалӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва мусоидат ба муаррифии арзишҳои фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Инчунин мусоҳибон барои ба имзо расонидани созишнома бо Институти байналмилалии мусиқии ҷаҳон ба мувофиқа омаданд. Таъкид шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар самти таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии мероси мусиқии халқҳои Шарқ, бахусус мероси Борбади Марвазӣ метавонад барои густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, табодули таҷриба ва ҷалби муҳаққиқони давлатҳои гуногун ба омӯзиши арзишҳои таърихию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj




