ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир иқтидори инноватсионӣ ба яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин раванд аз давлатҳо татбиқи сиёсати мақсаднокро дар самти рушди илм, технология ва инноватсия, ташаккули муҳити мусоиди ниҳодӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодаи амалии дастовардҳои илмиро тақозо менамояд.
— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илм, технология ва инноватсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, дар ин замина тадбирҳои пайдарпайи стратегӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ниҳодӣ амалӣ карда мешаванд. Раванди ин сиёсат дар ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, таъсиси ниҳодҳои махсусгардонида, ба роҳ мондани механизмҳои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, дастгирии фаъолияти инноватсионӣ ва фароҳам овардани шароит барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ифода меёбад.
Аз ҷумла, қабули «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», инчунин дигар барномаҳои соҳавӣ барои муайян намудани самтҳои афзалиятнок, ҳадафҳо ва механизмҳои рушди иқтидори инноватсионии кишвар заминаи зарурӣ гузоштанд. Ин санадҳо шаҳодати он мебошанд, ки сиёсати давлатӣ дар самти инноватсия ба тадбири алоҳида барои низоми ҳамоҳангшудаи стратегӣ ва амалӣ табдил ёфтааст.
Яке аз натиҷаҳои муҳими татбиқи ин сиёсат ташаккул ва таҳкими заминаҳои ниҳодии идоракунии соҳаи инноватсия мебошад. Дар ин раванд таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Ташкили ниҳоди махсуси давлатӣ имкон фароҳам овард, ки масъалаҳои марбут ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва пешбурди ташаббусҳои соҳавӣ дар доираи механизми махсуси идоракунӣ баррасӣ ва амалӣ гарданд.
Натиҷаи муҳими ин иқдом ташаккули заминаи ташкилии пайвастани фаъолияти илмӣ, технология, соҳибкорӣ ва истеҳсолот мебошад. Маҳз чунин ҳамгироӣ барои табдил додани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир, амалӣ намудани технологияҳои нав ва рушди фаъолияти соҳибкории технологӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Ин раванд бо нишондиҳандаҳои Шохиси ҷаҳонии инноватсия, аз ҷумла самаранокии институтҳо, ҳамкории илмиву истеҳсолӣ ва натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ робитаи мустақим дорад.
Муҳиммияти фаъолияти агентӣ дар ин самт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илми мамлакат 30 майи соли 2024 низ инъикос ёфтааст. Дар ин замина масъалаи пайванди илм бо истеҳсолот ва истифодаи амалии дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимми рушди иқтисодиёт ва фаъолияти инноватсионӣ муайян гардидааст.
Марҳилаи нави тақвияти сиёсати давлатӣ дар ин самт бо эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» алоқаманд мебошад. Ин иқдом бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 амалӣ гардида, барои муттаҳид намудани саъю талошҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва дигар субъектҳои ҷомеа дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия замина фароҳам овард.
Натиҷаи муҳимми ин ташаббус ба сатҳи афзалияти умумидавлатӣ баровардани масъалаҳои рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад. Дар доираи он рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ва рушди зеҳни сунъӣ аҳаммияти бештар касб намудаанд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва фароҳам овардани механизмҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад. Зеро самаранокии низоми инноватсионӣ на танҳо аз ҳаҷми таҳқиқоти илмӣ ва шумораи ихтироот, балки аз имконияти истифодаи амалии онҳо, таъсиси маҳсулоти нав, амалӣ намудани технологияҳои муосир ва ба даст овардани натиҷаҳои иқтисодӣ вобаста аст.
Дар ин самт муосиркунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» аҳаммияти муҳим дорад. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур таъсиси Фонди давлатии дастгирии ихтирооти афзалиятнок пешбинӣ гардида, заминаи ҳуқуқӣ барои дастгирии ихтироъкорон, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва мусоидат ба татбиқи амалии ихтирооти ватанӣ тақвият дода шудааст. Ин иқдом аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фаъолияти инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи муқаррароти мазкур барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ барои ҷалби муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба раванди истифодаи амалии дастовардҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи ин раванд Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникиро ба роҳ монд. Платформаи мазкур барои муаррифӣ, ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва ба истифодаи амалӣ пешниҳод намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ихтироот ва технологияҳои нав, инчунин ба ҳам овардани муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, соҳибкорон, сармоягузорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Аҳаммияти чунин иқдом дар фароҳам овардани муҳити нави рақамии ҳамкории илм ва истеҳсолот ифода меёбад, ки метавонад дастрасии субъектҳои иқтисодиро ба натиҷаҳои илмӣ ва имконияти истифодаи онҳо васеъ намояд.
Самти дигари тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ барои арзёбӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ мебошад. Бо санади дахлдор Комиссияи доимамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст.
Таъсиси Комиссия натиҷаи зарурати ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои дахлдор дар самти таҳлил, ҷамъоварӣ, санҷиш ва пешниҳоди маълумоти соҳавӣ мебошад. Ин механизм махсусан барои Шохиси ҷаҳонии инноватсия аҳаммияти муҳим дорад, зеро нишондиҳандаҳои он фаъолияти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм ва маориф, инфрасохтор, соҳибкорӣ, моликияти зеҳнӣ, технология ва натиҷаҳои фаъолияти эҷодиро фаро мегиранд.
Дар доираи фаъолияти комиссия баррасии нишондиҳандаҳои раддабандиҳои байналмилалӣ, муайян намудани масъулияти мақомоти дахлдор, ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва пайгирии иҷрои чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи чунин муносибат ташаккули механизми ягонаи ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои соҳавӣ буда, ба баланд бардоштани сифати маълумот, таъмини ҳамоҳангии оморӣ ва инъикоси воқеии дастовардҳои кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун ниҳоди соҳавӣ ва Комиссияи доимамалкунанда ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ якдигарро пурра намуда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ ва пайгирии натиҷаҳои он дар самти рушди иқтидори инноватсионӣ заминаи институтсионалӣ фароҳам овардаанд.
Таҳлили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи нишондиҳандаҳои Шохиси ҷаҳонии инноватсия имкон медиҳад, ки якчанд натиҷаи асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Якум – дар кишвар заминаи стратегӣ ва меъёрии ҳуқуқии рушди инноватсия ташаккул ёфта, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат муайян гардидаанд.
Дуюм – заминаҳои ниҳодӣ идоракунии соҳа тавассути таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ташкили механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таҳким ёфтаанд.
Сеюм – барои пайвастани илм бо истеҳсолот ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд.
Чорум – рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ворид гардида, барои татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Панҷум – истифодаи нишондиҳандаҳои раддабандиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шохиси ҷаҳонии инноватсия ҳамчун воситаи таҳлил ва пайгирии натиҷаҳои сиёсати давлатӣ тақвият ёфтааст.
Дар баробари ин дастовардҳо марҳилаи минбаъдаи рушди иқтидори инноватсионӣ тақвияти натиҷаҳои амалӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағгузории илмӣ, густариши ҳамкории донишгоҳу корхонаҳо, рушди инфрасохтори технологӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хусусиро тақозо менамояд. Ҳамзамон такмили низоми ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ, баланд бардоштани сифати нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи методологии Шохиси ҷаҳонии инноватсия барои арзёбии воқеии пешрафти кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамин тариқ, раванди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтидори инноватсионӣ дар ташаккули низоми пайдарпайи тадбирҳои стратегӣ, ҳуқуқӣ, ниҳодӣ ва ташкилӣ зоҳир мегардад. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули санадҳои стратегӣ, таъсиси ниҳодҳои махсус, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди рақамикунонӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ барои ташаккули муҳити экосистемаи инноватсионӣ замина гузоштаанд.
Дар ин раванд Шохиси ҷаҳонии инноватсия на танҳо ҳамчун воситаи муайян намудани мавқеи байналмилалии кишвар, балки ҳамчун механизми таҳлилӣ барои арзёбии самаранокии сиёсати давлатӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва пайгирии натиҷаҳои ислоҳоти минбаъда аҳаммияти муҳим касб менамояд.
Абдулло ВОСИДИЁН,
сармутахассиси раёсати рушди экосистемаи инноватсионии
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз муаллиф
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






