МУЛОҚОТ БО ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мулоқоти намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо довталабони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкӯр мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам, намояндаи Маркази миллии тести Набиева Тахмина, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Зайнаб Каримова иштирок ва суханрони намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба тартиби иштирок дар озмун, талаботи муқарраргардида, марҳилаҳои баргузории санҷишҳо ва омодагии дурусти довталабон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони Маркази миллии тестӣ ба саволҳои иштирокчиён посух дода, вобаста ба тартиби супоридани имтиҳонҳо ва риояи талаботи муқарраргардида тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки стипендияи Президентӣ яке аз василаҳои муҳими дастгирии давлатии ҷавонони лаёқатманд ба ҳисоб рафта, барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ