ОҒОЗИ «РӮЗҲОИ ДАРҲОИ КУШОД» ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ЭҶОДИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН»-И НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
14 сентябри бо мақсади амалисозии моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ аз 3 сентябри соли 2026, №91-А «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани “Рӯзҳои дарҳои кушод” таҳти унвони “Аз имконият то муваффақият”», инчунин ҷиҳати ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва малакаҳои муосир, расман «Рӯзҳои дарҳои кушод» таҳти унвони «Аз имконият то муваффақият» дар Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ директори Муассиса Бобозода Ш.З., муовинони директор, кормандону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
«Рӯзҳои дарҳои кушод» бо сухани табрикотии директори Муассиса Бобозода Ш.З. оғоз гардида, ҳамаи иштирокдорону меҳмононро ба Муассиса хайрамақдам гуфтанд. Дар суханронии худ директори Муассиса оид ба аҳамияти таҳсилоти иловагӣ, рушди истеъдод ва қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи самараноки вақти холии онҳо ибрози назар намуданд.
Баъд аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ Шарифов М.У. – муовини директор оид ба инноватсия ва корҳои методии Марказ, ба меҳмонон ва хонандагон оид ба фаъолияти Муассиса, имкониятҳои таълимӣ, самтҳои фаъолияти маҳфилҳо ва шароити фароҳамовардашуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯзи фараҳбахш шумораи зиёди кӯдакону наврасони соҳибистеъдод, фаъол ва завқманд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ба Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Сипас, меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагон аз гӯшаҳои намоишгоҳии омоданамудаи маҳфилҳои Муассиса дидан намуда, бо дастовардҳо, маҳсули эҷодӣ ва фаъолияти маҳфилҳо бештар шинос шуданд. Иштирокдорон вобаста ба табъу завқ, майлу рағбат ва қобилияти худ ба маҳфилҳои писандидаашон сабти ном гардида, ба ҳайси аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ қабул шуданд.
Дар раванди баргузории «Рӯзҳои дарҳои кушод» омӯзгорони Муассиса барои меҳмонон ва хонандагон дарсҳои кушод, соатҳои зеҳнӣ, мастер-классҳо ва машғулиятҳои ҷолибу омӯзиширо баргузор намуда, имкониятҳои амалии маҳфилҳоро муаррифӣ карданд.
Дар ҳақиқат, боиси хушнудист, ки имрӯз баҳри илмомӯзӣ, донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас дар Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Муассиса зиёда аз 40 маҳфил фаъолият намуда, ба кӯдакону наврасон ба таври ройгон касбу ҳунарҳои гуногун, илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд.
Ҳадафи асосии баргузории «Рӯзҳои дарҳои кушод» муаррифии имкониятҳои таълимӣ ва эҷодии Муассиса, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби дурусти самти омӯзиш ва касбомӯзӣ мебошад.
Минбаъд низ ҷиҳати зиёд намудани шумораи таълимгирандагони маҳфилҳо, ҷалби наврасони соҳибистеъдод ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар Муассиса тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Хотирнишон менамоем, ки «Рӯзҳои дарҳои кушод» таҳти унвони «Аз имконият то муваффақият» дар Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе то 18 сентябри соли 2026 идома меёбад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ