Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Корея барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” изҳори сипос намуданд.
Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд.
Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.
Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, ба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баҳрабардорӣ аз Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ (EDCF) дар густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд.
Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистанд.
Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.
Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея — “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд.
Зимни мулоқот ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ