БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РАҚАМӢ
15 сентябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинар ба масъалаҳои «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (e-khizmat.tj) ва ҳукумати электронӣ» бахшида шуда, дар он роҳбарият ва кормандони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Дар рафти семинар ба иштирокчиён оид ба имконияту хизматрасониҳои Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, тартиби истифодаи хизматрасониҳои электронӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар соддагардонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди ҳукумати электронӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, сарфаи вақт ва коҳиш додани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифта, тавсияҳои заруриро ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои хизматрасониҳои электронӣ дар фаъолияти корӣ дарёфт намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ