Баргузории «Рӯзи дарҳои кушод» дар МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагон, ҷалби наврасону ҷавонон ба таҳсилоти иловагӣ, рушди қобилияту истеъдодҳои эҷодӣ, илмӣ ва техникии онҳо, инчунин муаррифии имкониятҳои таълимию тарбиявии муассиса, дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Аминзода Манижабону, директори МД «Маркази кудакон ва наврасони шаҳри Душанбе»-Сайидалиев Назрихуҷа, Мудири шуъбаи маорифи ноҳия-Маҷидзода Ҷамшед, Директори МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-Нурзода Раббонӣ, инчунин масъулини муассиса, омӯзгорон, роҳбарони маҳфилҳо, хонандагон, падару модарон ва намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пеш аз ҳама шинос намудани иштирокдорон ва хонандагон бо фаъолияти Марказ, самтҳои асосии таҳсилоти иловагӣ, маҳфилҳои амалкунанда ва дастовардҳои хонандагон ба ҳисоб меравад.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон ва иштирокдоронро роҳбарияти муассиса хайрамақдам гуфта, оид ба мақсаду вазифаҳои баргузории «Рӯзи дарҳои кушод» маълумот пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки таҳсилоти иловагӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури эҷодӣ, қобилиятҳои зеҳнӣ ва малакаҳои амалии хонандагон нақши муҳим дошта, барои самаранок ба роҳ мондани вақти холии онҳо мусоидат менамояд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон аз утоқҳои таълимӣ ва синфхонаҳои Марказ дидан намуда, бо фаъолияти маҳфилҳои гуногун шинос шуданд. Омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳо самтҳои фаъолияти худро муаррифӣ карда, дар бораи барномаҳои таълимӣ, усулҳои кор бо хонандагон ва натиҷаҳои бадастовардаи шогирдон маълумот доданд.
Қисмати муҳими чорабинӣ намоиши корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои хонандагон буд. Дар намоиш намунаҳои корҳои дастӣ, расмҳо, корҳои эҷодӣ, маводи таълимӣ, лоиҳаҳо ва дигар маҳсули фаъолияти хонандагон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Иштирокдорон бо шавқу завқи зиёд аз намоишгоҳ дидан намуда, ба маҳорати хонандагон баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, дар доираи «Рӯзи дарҳои кушод» аз ҷониби хонандагони маҳфилҳо барномаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ пешниҳод гардид. Хонандагон бо суруд, шеърхонӣ, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ва дигар барномаҳои эҷодӣ баромад намуда, истеъдоду маҳорати худро нишон доданд. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни хос бахшида, фазои идона ва дӯстона ба вуҷуд овард.
Дар рафти чорабинӣ омӯзгорон бо падару модарон ва хонандагон суҳбат намуда, ба онҳо оид ба самтҳои фаъолияти маҳфилҳо, тартиби ҷалби хонандагон ба машғулиятҳои таҳсилоти иловагӣ ва имкониятҳои рушди истеъдодҳои кӯдакон маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд.
Падару модарон ба фаъолияти Марказ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид карданд, ки фароҳам овардани чунин имкониятҳо барои рушди ҳамаҷонибаи фарзандон, баланд бардоштани малакаҳои эҷодӣ ва самаранок истифода намудани вақти холии онҳо аҳамияти калон дорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин масъалаҳои марбут ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи одоби муошират, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии хонандагон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Баргузории «Рӯзи дарҳои кушод» имкон фароҳам овард, ки иштирокдорон аз наздик бо шароити таълимӣ, фаъолияти омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳо, имкониятҳои рушди истеъдодҳои хонандагон ва дастовардҳои Марказ шинос шаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса ба омӯзгорон, роҳбарони маҳфилҳо ва хонандагони фаъол барои саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки фаъолияти минбаъда дар самти ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, рушди истеъдодҳои онҳо ва омодасозии наврасону ҷавонон ба озмуну чорабиниҳои гуногун идома дода мешавад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ