image

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИИ “РӮЗҲОИ ДАРҲОИ КӮШОД” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ЭҶОДИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН”-И НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range18.09.2026, 21:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

Имрӯз, 18 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии “Рӯзҳои дарҳои кушод” таҳти унвони “Аз имконият то муваффақият” баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ директори МД “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” – Сайдалиев Н., мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ – Малаев А., директори МД “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Бобозода Ш., директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони Созмони хонандагон, кормандону омӯзгорон ва таълимгирандагон иштирок намуданд.

Саравал, меҳмононро таълимгирандагони Марказ бо чор забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хитоӣ) пешвоз гирифта оиди фаъолияти Муассиса маълумот доданд. Ҳамзамон ҳозиринро аз намоишгоҳ ва дастоварҳои Марказ ошно намуданд.

Дар идома, меҳмонон аз рафти машғулиятҳои маҳфилҳои Марказ дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар Муассиса зиёда аз 40 маҳфил фаъолият намуда, ба кӯдакону наврасон ба таври ройгон касбу ҳунарҳои гуногун, илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд.

Баъд аз ошнои пайдо намудан аз фаъолияти Марказ чорабинии идона баргузор гадид, ки он бо сузанронии директори Муассиса – Бобозода Ш. ифтитоҳ гардида, меҳмонон ва хонандагонро ба ин боргоҳи илму ҳунар шодбош гуфта, қайд намуданд, ки  имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонини кишварро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст ва дар ин самт чораҳои зарурӣ ва таъсирбахшро амалӣ намудаистодааст. Сохтану ба истифода додани муассисҳои таълимии нави замонавии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, муҷаҳҳаз гардонии муассисаҳои таълимӣ бо техналогияҳои нави замонавӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф, қабули барномаҳову стратегияҳои гуногунмӯҳлат, табъу нашри китобҳои нави дарсӣ ва бадеӣ далели гуфтаҳои боло мебошад.

Сипас, директори МД “Мракази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” – Сайдалиев Н. оид ба нақши таҳсилоти иловагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас сузанрони намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки “Рӯзҳои дарҳои кушод” таҳти унвони “Аз имконият то муваффақият” дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ аз 3 сентябри соли 2026, №91-А “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани “Рӯзҳои дарҳои кушод” таҳти унвони “Аз имконият то муваффақият”” аз 14 то 18 сентябр бо ҷалби зиёда аз 4000 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар идома, дар сатҳи баланд баргузор намудани “Рӯзҳои дарҳои кушод” ва ҳамкориҳои судманд кормандону омӯзгорони Марказ, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва роҳбарони фаъоли Созмони хонандагон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ғолибони озмуни “Мақолаи беҳтарин” бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон, дар вазъиятӣ тантанавӣ таълимгирандагоне, ки маҳфилҳои Марказро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд, бо Шаҳодатномаи хатми МД “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ дастагули консертии омоданамудаи таълимгирандагону кормандони Муассиса пешкаш гардид, ки аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи омӯзгорон ва таълимгирандагони муассиса ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.