ДУШАНБЕ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО, Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), олимону донишмандони дохил ва хориҷи мамлакат доир ба ҳаёт ва фаъолияти Борбади Марвазӣ, мақоми ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ва Шарқ, осори мусиқии давраи Сосониён, созҳои мусиқии он давра, рушди мақом ва таъсири мероси он конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Фарҳанги мусиқии давраи Сосониён яке аз марҳалаҳои муҳимми таърихи ин санъат маҳсуб мешавад. Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Баҳодур Давлатзода таърихи ташаккул ва рушди созҳои чангшакл ва таърихи созҳои мусиқии тоҷиконро шарҳ дод.
— Таърихи ташаккул ва рушди созҳои мусиқӣ яке аз самтҳои муҳимми таҳқиқоти мусиқишиносӣ буда, омӯзиши он барои муайян намудани сатҳи инкишофи фарҳанги мусиқии халқҳо, робитаҳои фарҳангӣ ва хусусияти анъанаҳои иҷроӣ аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Дар ин раванд созҳои торӣ, ба хусус созҳои чангшакл (ин гурӯҳи созҳои мусиқии торӣ мебошанд, ки сохт, шакл ва тарзи садодиҳиашон ба чанг монанд аст), мавқеи хосро ишғол менамоянд. Онҳо аз ҷумлаи қадимтарин воситаҳои мусиқии инсоният ба шумор рафта, давоми ҳазорсолаҳо дар тамаддунҳои гуногун ташаккул ёфта, шаклҳои мухталифи сохторӣ ва хусусияти хоси овозӣ касб кардаанд.
Фарҳанги мусиқии давраи Сосониён яке аз марҳалаҳои муҳимми таърихи санъати мусиқӣ маҳсуб мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ номҳои созҳои гуногун, аз ҷумла чанг, барбат, уд, танбӯр, най, сурнай, карнай ва дигар воситаҳои мусиқӣ зикр шудаанд. Дар ин замина чанг ҳамчун яке аз созҳои муҳимми торӣ таваҷҷуҳи махсусро ҷалб менамояд. Тасвирҳои он дар осори санъати тасвирии давраи қадим, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки ин соз дар муҳити фарҳангии халқҳои Шарқи Қадим мавқеи устувор доштааст.
Чанг яке аз созҳои куҳантарини торӣ буда, таърихи пайдоиш ва ташаккули он бо рушди умумии тафаккури мусиқии инсоният робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳусайналӣ Маллоҳ дар асари худ «Чанг дар девони шоирон» ба масъалаи пайдоиши ин соз таваҷҷуҳ намуда, фарзияи ҷолибро пешниҳод мекунад. Ба андешаи ӯ, эҳтимол аст, ки садои тори камони шикорӣ заминаи ибтидоии пайдоиши созҳои торӣ гардида бошад.
Чанг дар муҳити мусиқии дарборӣ мавқеи махсус дошта, эҳтимол дар иҷрои оҳангҳои лирикӣ, базмӣ ва асарҳои дорои хусусияти маросимӣ истифода мешуд. Хусусияти садоии он, ки аз ларзиши озоди торҳо ба вуҷуд меояд, имконият медод, ки оҳангҳои нарм, равон ва дорои тобишҳои гуногуни тембрӣ иҷро карда шаванд.
Маводи бостоншиносии Панҷакенти қадим, Самарқанд ва дигар марказҳои таърихии Суғд дорои маълумоти арзишманд дар бораи созҳои мусиқӣ мебошад. Дар деворнигораҳои ин ёдгориҳо тасвирҳои навозандагон, сарояндагон ва гурӯҳҳои мусиқӣ ба назар мерасанд. Дар байни онҳо тасвирҳои созҳои торӣ, созҳои нафасӣ ва зарбӣ мавқеи назаррас доранд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳанги мусиқӣ тасвири машҳури чангнавоздухтари Панҷакенти бостон мебошад. Ин тасвир, ки ба силсилаи деворнигораҳои Панҷакенти асрҳои VI–VIII тааллуқ дорад, яке аз сарчашмаҳои муҳимми омӯзиши таърихи созҳои мусиқии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он симои бонуи ҷавонеро инъикос мекунад, ки дар даст чанги камоншакл дорад.
Таҳлили таърихи ташаккул ва рушди созҳои чангшакл дар мисоли фарҳанги мусиқии давраи Сосониён нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи созҳо дар тамаддуни қадим ва асрҳои миёна мавқеи муҳим доштааст. Созҳои чангшакл аз ҷумлаи қадимтарин созҳои тории инсоният буда, таърихи пайдоиш ва рушди онҳо бо равандҳои мураккаби ташаккули тамаддунҳои қадим алоқаманд аст.
Таҳқиқи илмӣ барои бозшиносии сарчашмаҳои фарҳанги мусиқии тоҷик, муайян намудани робитаҳои таърихии он бо тамаддунҳои қадим ва муаррифии саҳми ниёгони мо дар рушди санъати ҷаҳонии мусиқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС аз маъбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






