Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Иқтисод

Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд

Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории молиявии байналмилалӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои байналмилалӣ ва таҳкими инфрасохтори интиқоли асъори нақдӣ 18 ноябр зимни вохӯрии  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Муассисаи молиявии амрикоии «Numisma Bank» Вивек Тияги мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба имконияти истифодаи иқтидори ин муассиса дар самти такмили амалиёти асъорӣ ва рушди имконияти хизматрасонии байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки тақвияти ҳамкорӣ бо чунин муассисаҳои молиявии байналмилалӣ метавонад ба таҳкими инфрасохтори молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии амалиёти асъорӣ ва тавсеаи имконоти пардохтҳои фаромарзӣ мусоидат намояд.

«Numisma Bank» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муассисаи молиявии махсус буда, фаъолияти асосии он ба хариду фурӯши яклухт ва интиқоли байналмилалии пули нақд бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари амрикоӣ, евро ва дигар асъори асосии байналмилалӣ равона карда шудааст. Бонк хизматрасониҳои худро асосан ба бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои молиявӣ пешниҳод менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj