РОҒУН, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик таҳти унвони «Милитсияи тоҷик – ифтихори миллат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва сокинони сарбаланди он саҳми арзанда ва талошҳои содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар роҳи ҳифзи амнияту субот ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб қадр намуда, қаҳрамонию ҷасорати онҳоеро, ки барои оромию осоиштагии Ватан ҷони худро дареғ надоштаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки фазои орому осуда ва суботи сиёсии ҷомеа, ки бо сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои пайвастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ таъмин гардидааст, барои фаъолияти созанда, ободонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Иброз гардид, ки милитсияи тоҷик яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши калидӣ дорад. Милитсияи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат хизматҳои шоиста анҷом додааст. Фидокорӣ, шуҷоат ва хизмати шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии ҷомеа ҳамеша мавриди қадршиносии давлат қарор дорад.
Дар ҳамоиш як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва кормандони сохторҳои давлатӣ барои фаъолияти содиқона, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо «Сипоснома» қадрдонӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






