Ҷумъа, 27 ноябр 2026
Ҳаводис

ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд

ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 аз рӯйи шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» бо гирифтани 96 хол аз 100 холи имконпазир дар байни кишварҳои таҳқиқшуда мақоми якумро ишғол намуд. Дар ин хусус дар Гузориши ҷаҳонии амният барои соли 2026 (Global Safety Report 2026) иттилоъ дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти гузориш, Тоҷикистон соли дуюм пайиҳам дар ин шохис пешсаф буда, нишондиҳандаҳои он аз соли 2018 инҷониб дар сатҳи беш аз 90 хол қарор доранд. Ин натиҷа дар заминаи назарсанҷии аҳолии 140 кишвар ва қаламрави ҷаҳон ба даст омадааст.

Махсусан, 93 фоизи сокинони Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ҳангоми шабона танҳо дар кӯчаҳои маҳалли зисташон гаштугузор кардан худро бехатар эҳсос мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Сингапур ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 95-холӣ дар зинаи баъдӣ қарор доранд. Ветнам бо 94 хол, Баҳрайн ва Исландия бо 93-холӣ низ ба қатори давлатҳои дорои нишондиҳандаҳои баланд дохил шудаанд.

Шохиси «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» дар асоси чор нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад: эътимоди шаҳрвандон ба пулиси маҳаллӣ, эҳсоси амният ҳангоми шабона танҳо гаштугузор кардан, инчунин таҷрибаи мавриди ҳамла қарор гирифтан ва дуздида шудани пул ё молу мулк.

Тибқи маълумоти «Gallup», дар назарсанҷии соли 2025 дар маҷмуъ 143 ҳазору 620 нафар аҳолии 15-сола ва аз он боло дар 140 давлат ва қаламрави ҷаҳон иштирок намудаанд.

Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз рӯйи эҳсоси амнияти шахсӣ низ бо нишондиҳандаи 93 фоиз дар қатори даҳ мамлакати пешсафи ҷаҳон қарор дорад.

АКС: Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj