Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Ҳаводис

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, азхуд намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳамияти махсус пайдо мекунад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе. 

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадоранд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.

«Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод ба вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин садоқати худ сазовори боварии шаҳрвандон бошад»,–изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Иброз гардид, ки имрӯз дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифаҳои бисёр муҳим қарор дорад. Амалҳои террористию экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар кирдорҳои ба амнияти кишвар ва ҷомеа хатарнок аз ҷумлаи таҳдидҳои замони муосиранд, ки бояд пайваста ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.

Пешгирӣ кардани нуфузи андешаҳои ифротӣ, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ ва ҳисси бегонапарастӣ ба тафаккури наврасону ҷавонон низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj