Чоршанбе, 25 ноябр 2026
Сиёсат

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ оид ба моҳияти таърихӣ ва аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва ҳувияти тоҷикон ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, боиси ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон буда, ҳифз ва гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj