ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО, корпуси дипломатӣ, инчунин олимону муҳаққиқони кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Конфронс бо суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба фарҳанг Найеф Ал-Файёз ифтитоҳ ёфта, дар идомаи он олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маърузаҳои илмӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш мероси бисёрҷанбаи Умари Хайём ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаби ҷаҳонӣ, дастовардҳои ӯ дар риёзиёт, нуҷум, фалсафа ва адабиёт, инчунин таъсири афкору осораш ба рушди тафаккури илмӣ ва фарҳангии башарият мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар самти муаррифии ҷойгоҳи таърихии Умари Хайём ва таҳкими ҳамкории илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






