ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) дар назар аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ хокбориш ворид мегардад.
Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) метавонанд ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонанд. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим дар мамлакати мо ба вуҷуд омадани чангу ғубор зиёд ба қайд гирифта мешавад. Таъсири манфии тӯфонҳои чангӣ ва хокборишҳо ба муҳити зист, экология, кишоварзӣ, олами ҳайвоноту наботот ва саломатии инсонҳо баръало мушоҳида мешавад.
Ба тавсияи мутахассисон, дар ин ҳолат кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ, дилу раг ва шахсони масунияташон паст бояд то ҳадди имкон бе зарурат аз хона набароянд.
Ҳамзамон сокинонро зарур аст, ки аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд созанд. Ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тоза карда, саломатиашонро эмин нигоҳ доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






