Панҷшанбе, 26 ноябр 2026
Сиёсат

Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид

Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Коломбои Шри Ланка Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ: ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некуаҳволӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисикунандаи Кумитаи доимии Форуми Парлумонии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) доир ба масъалаҳои иқлим ва иқтисоди “сабз” Мавсума Муинӣ иштирок намуд.

Мавсума Муинӣ баргузории чунин вохӯриҳоро дар самти пешбурди ҳуқуқи инсон, таъмини баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳозиринро дар доираи муколама ва мубоҳисаҳои судманд ба таҳияи нақшаи амал барои солҳои оянда, инчунин ташаккули уҳдадориҳои муштараки ҷонибҳо даъват намуд.

Иброз гардид, ки тавассути талошҳои муштарак ва узвият ба созмони бонуфузи мазкур (AFPPD) парлумонҳои кишварҳо метавонанд дар ноил шудан ба ҳадафҳо ва татбиқи Нақшаи амали ин созмон (AFPPD) саҳми назаррас гузоранд.

Ба иштирокдорон таҷриба ва тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии сиёсати баробарии гендерӣ, мутобиқати барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, ҳифзи модару кӯдак, дастгирии оилаҳо, таҳкими мавқеи занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муаррифӣ карда шуда, таъкид гардид, ки масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамзамон иброз шуд, ки Парлумони Тоҷикистон дар пешбурди авлавияти баёнгардида нақши муҳим дошта, ин вазифаро тавассути такмили пайвастаи заминаи қонунгузории миллӣ, мутобиқ ба мушкилоти муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат иҷро менамояд.

Дар нишасти мазкур вакилон аз парламентҳои беш аз 20 кишвар иштирок карда, доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj