Ҷумъа, 27 ноябр 2026
Сиёсат

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон  бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни  Тоҷикистон ва Озарбойҷон, инчунин имконияти ба роҳ мондани робитаҳои соҳибкорӣ байни  ширкати «Agricore Group MMC» ва ширкатҳою доираҳои соҳибкории ҳавасманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj