ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 18 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, олимону донишмандон ва коршиносони варзида силсилачорабиниҳои илмию маърифатӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.
Ҳафтаи ҷашнӣ ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду таҳкими давлатдории навини тоҷикон бахшида мешавад.
Дар доираи барномаи ҳафтаи ҷашнӣ баргузории хонишҳои илмӣ, ҳамоишҳои илмӣ-таҳлилӣ ва нишастҳои тахассусӣ пешбинӣ гардидааст. Зимни онҳо доир ба масъалаҳои муҳими ташаккулу таҳаввули давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, афзалияти сиёсати дохилию хориҷӣ ва нақши ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ маърузаҳо пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






