ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии мутахассисони пешбари соҳаи об бо донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни муҳокима коршиносон донишҷӯёнро бо ислоҳоти ҷорӣ, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, раванди рақамикунонии соҳа ва имконияти васеи касбие, ки барои мутахассисони ҷавон дар соҳаи оби Тоҷикистон фароҳам оварда мешаванд, шинос намуданд. Донишҷӯён низ саволу пешниҳодҳояшонро ба намояндагони вазорати соҳавӣ ва шарикони байналмилалӣ манзур намуданд.
Вохӯрӣ дар доираи татбиқи «Барномаи комплексии ҷалби ҷавонон ба соҳаи оби Тоҷикистон» баргузор шуд. Ҳадафи асосии он аз тарғиби касбҳои соҳаи хоҷагии об ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба яке аз соҳаҳои стратегии мамлакат иборат буд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






