Ҷумъа, 27 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи ҳафтуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои риояи ҳуқуқи шахсони маъюб баррасӣ карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Ҳамзамон иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба саломатӣ, таъмини ҳуқуқи занон дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар доираи чорабинӣ инчунин натиҷаҳои озмуни эҷодии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» ҷамъбаст гардиданд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокдор ва сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкории судманд бо мақомоти миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj