ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём — симоҳои барҷастаи илму фарҳанги тамаддуни тоҷикон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.
Ҳамоиш дар доираи силсилачорабиниҳои байналмилалии илмӣ ва фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ки аз 23 то 27 ноябр бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегарданд, доир шуд.
Директори Коллеҷи омор Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ барои арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик, эҳёи хотираи таърихӣ ва муаррифии арзишҳои волои илмию фарҳангии он дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад.
Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина эътирофи байналмилалии мақому манзалати Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бозгӯйи саҳми бузурги миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва эътирофи арзишҳои умумибашарии мероси илмию фарҳангии он мебошад.
Меҳмонони ҳамоиш доир ба мақому манзалати Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар таърихи илму адабиёти ҷаҳонӣ, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва эҷодии онҳо, саҳми мондагори ин ду нобиғаи тоҷик дар ташаккул ва рушди илмҳои тиб, фалсафа, риёзиёт, нуҷум, адабиёт ва дигар соҳаҳои дониш ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки осори ин ду абармарди илму маърифат на танҳо ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни миллӣ, балки мероси гаронбаҳои фарҳанги умумибашарӣ маҳсуб шуда, то имрӯз барои наслҳои гуногун сарчашмаи илҳом ва маърифат мебошанд.
Осори илмӣ ва адабии ин нобиғаҳо бо фарогирии андешаҳои амиқи фалсафӣ, хирадгароӣ ва донишомӯзӣ аҳамияти ҷаҳонии худро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
«Омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ, адабӣ ва фалсафии чунин шахсиятҳои бузург вазифаи муҳими муассисаҳои таълимӣ буда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ, завқи маърифатҷӯӣ ва ҳисси ифтихори миллии ҷавонон нақши муассир мегузорад», — изҳор гардид дар ҷамъомад.
АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj




