Ҷумъа, 27 ноябр 2026
Иҷтимоъ

«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино

«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода  оид ба  мероси илмии Абуалӣ ибни Сино

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода яке аз нависандагон ва донишмандони бузурги садаи 20-уми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳама офаридаҳои адиб ба мавзуъҳои насри бадеӣ ва насри таърихӣ бахшида шуда, дар ин асарҳо саҳифаҳои мухталифи таърихи рӯзгори шахсиятҳо ва давраҳои таърихӣ матраҳ гардидаанд. Яке аз осори мондагори нависанда дар ин замина рисолаи илмӣ-бадеии ӯ бо номи «Пири ҳакимони Машриқзамин» мебошад, ки дар муаррифии шахсият ва мероси илмии Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи хос дорад

–Дар марҳилаи аввали густариши адабиёти муосири тоҷикӣ устод Айнӣ аввалин иқдоме, ки ба кор бурданд, ин навиштани китоби хеле боарзиши «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926, Москва) буд ва баъдан устод ба эҷоди якчанд асари гаронарзише дар боби рӯзгору осори устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил камар бастанд, ки то кунун аз арзиши  илмӣ бархурдоранд.

Сотим Улуғзода давоми солҳои 30-40-уми асри гузашта ба таҳқиқи рӯзгору осори намояндагони адабиёти классикӣ пардохта, якчанд мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба чоп расониданд, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Ҳадафи асосии  ба таҳқиқи бадеии мавзуъҳои таърихӣ ва рӯзгору осори шахсиятҳои  маъруфи гузашта рӯй овардани Сотим Улуғзода аз шиносонидани таърихи аҷдодони бузургамон, донистани қадри хизмати онҳо дар устувор гардонидани миллияти халқи тоҷик ва ривоҷ додани тамаддуни миллати тоҷик иборат буд.

Яке аз осори мондагори Сотим Улуғзода рисолаи илмӣ-бадеии ӯ бо номи «Пири ҳакимони Машриқзамин» мебошад, ки то ҳоло дар адабиётшиносии муосири тоҷикӣ аз рисолаҳои нотакрор ба ҳисоб меравад ва дорои арзиши баланди илмиву бадеӣ мебошад.

Роҷеъ ба рӯзгору осор ва афкори нотакрори илмии Абуалӣ ибни Сино дар илми ҷаҳонӣ садҳо пажуҳишҳои арзанда ба сомон расидаанд. Маҷмуи осори таҳқиқии ба Ибни Сино бахшидаро метавон ба се қисмат ҷудо кард.

-Рисолаи  илмӣ-бадеии «Пири ҳакимони Машриқзамин» ҳоло арзишмандтарин асари таҳқиқотӣ ва бадеӣ оид ба рӯзгору осори Ибни Сино дар адабиётшиносии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Рисолаи мазкур натиҷаи ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти чандсолаи  Сотим Улуғзода мебошад.

Инчунин мақолаи боарзиши Сотим Улуғзода бо номи «Абуалӣ Сино» моҳҳои июл — сентябри соли 1979 дар рӯзномаи  «Маориф ва маданият» чоп шудааст. Ин асарҳое, ки номбар  кардем, тадриҷан Сотим Улуғзодаро ба таълифи рисолаи  илмӣ – бадеии «Пири ҳакимони Машриқзамин» оварданд. Ин асар аз 11 фасли мусалсал иборат аст, ки дар бораи масъалаҳои замони зиндагии Шайхурраис, рӯзгор ва фаъолияти  илмии ӯ, китоби машҳури «Алқонун», таълимоти фалсафии Ибни Сино, намунаҳои ашъори ӯ, шумораи асарҳои Ибни Сино, шогирдони Сино, суроғи зодгоҳи Сино, сурат ва сирати Шайхурраис ва дар охири китоб ба таври илова ҳамчун фасли дувоздаҳум мақолаи профессор А.Л. Хромов бо номи «Ду ахбори нав дар бораи шинохта шудани Ибни Сино дар Аврупо баҳс мекунад ва маводи хеле  муҳим ва тозаи илмиро дар бар мегирад.

Ин рисола, чунонки Муъмин Қаноат гуфтааст, «ба ҳаёт ва фаъолияти энсиклопедисти тоҷик Абуалӣ ибни Сино бахшида шуда, беҳтарин сифатҳои насри илмию таърихиро дорад. Вай муҳит ва замони Ибни Синоро фаро гирифта, аз рашаҳои фарҳангии олим, ки аз илми тоҷикию арабӣ, юнонию ҳиндӣ об хӯрдааст, ба таҳқиқ сухан  мегӯяд. Банду басти рехта, услуби баркамол ва забони образноки фасеҳ қимати адабию бадеии асарро боз ҳам баландтар мекунанд».

Сотим Улуғзода ин рисоларо «дар асоси сарчашмаҳои боэътимод бо ҳама воқеаҳои муҳимтаринаш, ки баъзеи онҳо дар китобҳои машҳури оид ба ибни Сино таълифшуда ба назар намерасанд, гирд овардааст».

Ба ин далел, дар ҳар яки ин ёздаҳ фасли рисола маводи тоза ва арзишманд, то марҳилаи эҷоди асар ба назар мерасад. Хусусан, андешаҳои Сотим Улуғзода дар бораи муносибати Ибни Сино ба каломи нафис ҷолиб аст. Дар ин рисола адиб ашъори боқимондаи Синоро  оварда, бо тасҳеҳу муқобала  ба андешаҳои донишмандони бузург Саид Нафисӣ ва Е.Э. Бертелс, ки аз гумону шубҳа дур мебошанд, ҷойгузин кардааст. Сотим Улуғзода дар бораи забондонии Сино чунин мегӯяд: «Шайхурраис ба забони арабӣ қасидаҳои  шево  иншо мекард. Аммо Шайх забони модарии худ- форсии дариро ҳам бо тамоми боигарии он медонист ва ҳатто, назар ба таҳрири «Донишнома» ва рубоиёту қитъаҳои манзуми тоҷикӣ-форсияш вай, бешубҳа, дар мақоми устодии забон будааст».

Баъд, Сотим Улуғзода дар рисола рубоиёти аслии шоир ва ба ӯ нисбат додашуда, инчунин ғазалеро, ки аз даҳ байт иборат буда, дар байти охир тахаллуси ӯ «Бӯалӣ» аст, меорад ва ҳашт қитъаи Синоро, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудаанд, низ дар рисола ҷойгир кардааст. Ба Абуалӣ ибни Сино якчанд рубоиву қитъа ва байтҳои фарқкунанда  мансубанд, ки Сотим Улуғзода дар рисола аз овардани онҳо худдорӣ кардааст. Сотим Улуғзода барои он ки ашъори тоҷикии Шайхурраисро дар рисола ҷойгир кунад, танҳо ба андешаҳои ду донишманди бузурги адабиётшинос- Саид Нафисӣ ва Е.Э. Бертелс такя мекунад. Сотим Улуғзода дар бораи  тахаллуси «Буалӣ», ки дар баъзе қитъа ва ғазалҳо омадааст, чунин мегӯяд: «бояд гуфт, ки бо ин тахаллус дар гузашта баъзе касони дигар ҳам шеър гуфтаанд».

Сотим Улуғзода дар рисола баъд аз қисмати муқаддима руҷуи таърихие ба масъалаҳои ҷойгоҳи хиттаи Мовароуннаҳр дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон, мақоми шаҳрҳои бузурги он дар ривоҷи тиҷорату фарҳангу илм, муҳити илмӣ ва адабӣ, ки дар он рӯзгор дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр, хусусан Бухоро густариши зиёд доштанд ва пайдоиши ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ, динӣ ва мазҳабӣ, ба гунаи исмоилия, қарматия, маҳдавия, ихвонуссафо андешаронӣ кардааст. Баъдан нависанда роҷеъ ба шукуҳи Давлати Сомониён ва дар солҳои охири салтанати онҳо авҷ гирифтани ҳодисаву воқеаҳои сиёсӣ, ки ба заволи ин давлати бузург оварда расонид, бо афсӯс сухан рондааст. Ҳадафи нависанда аз ин руҷуи таърихӣ, чунонки худаш таъкид кардааст, «…аҷдодони бузургамонро ба ҳамзамонон шиносондан, донистани қадри хизматҳои онон дар устувор гардондани миллияти халқи тоҷик ва ривоҷ додани тамаддуни онҳо ба хонанда мебошад».  Нависанда дар сарнавишти Ибни Сино «басе нуктаҳо, ҳикматҳо, таълимҳо, пандҳо»-ро ба мушоҳида гирифтааст, ки «дар замони мо ҳам қиматашонро гум накардаанд».

Фасли «Зиндагонӣ ва фаъолияти илмии Ибни Сино» аз фаслҳои меҳварии рисолаи «Пири ҳакимони Машриқзамин» ба ҳисоб меравад. Нависанда дар ин ҷо дар бораи рӯзгори ибратомӯзи ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ ва фарзанди бузурги миллати тоҷик бо ифтихор сухан мекунад ва бо дастрасӣ ба кутуби дараҷаи аввал ва сарчашмаҳои воқеии илмӣ рӯзгори Ибни Синоро бо низоми муайяни илмӣ баён намудааст. Дар ин қисмат дар бораи таълиму тарбияи воқеан дурусти ин донишманди тавоно, ки падараш Абдуллоҳ ва модараш Ситорабону аз рӯзи ба дунё омаданаш то давраи ҷавонӣ тавассути устодони ғамхору дилсӯз ва серталаб ба роҳ монда буданд, андешаҳои ҷолиб манзур кардааст. Ҳамзамон дар ин фасл баъд аз такмили кулли илмҳои роиҷи замонаш ва ҳамчун донишманди энсиклопедисти замона шинохта ва эътироф гардидани Ибни Сино ба таъқиби донишмандони камхирад ва ҳокимони бевуқуфи ҳамасри худ, ки ӯро кофир, бедин ва исмоиливу ғайра мехонданд, гирифтор шудан, аз шаҳри азизаш Бухоро овора гардидан ва ғарибиву саргардониҳои зиёдаш дар биёбонҳову шаҳрҳои Хоразм, Гургон, Рай, Ҳамадон, Исфаҳон ва зиндагии ноороми ӯ дар ин шаҳрҳо, аммо ҳаргиз аз кори навиштани рисолаҳои пурқимати илмӣ дур набудан ва ҳамвора ба табобати муҳтоҷон машғул буданаш нависанда далелу санади муътамад овардааст.

Дар ин рисола оид ба ҳама паҳлуҳои рӯзгору осори Абуалӣ ибни Сино, аз ҷумла даврони кӯдакиву ҷавонӣ, илмомӯзӣ, устодони нотакрору беназираш, ҳофизаи қавӣ доштан ва хеле ҳушёру зирак будани ӯ, ташнаи илм будан, истеъдоди хеле баланди худододӣ доштанаш, нисбат ба табибон ва донишмандони камзарф серталаб будан, шахсияти бузурги илмӣ, афкори фалсафӣ, ҷаҳонбинӣ, усулҳои табобати ӯ, ба шеъру шоирӣ машғул шудан, шогирдони ӯ, шумораи асарҳояш ба забони модарияш тоҷикӣ ва ғайра маводи фаровони илмӣ оварда шудааст.

Устод Сотим Улуғзода дар рисолаи «Пири ҳакимони Машриқзамин» хизматҳои бузурги Ибни Синоро дар илм ва муҳити сиёсиву иҷтимоии замонаш баён карда, ӯро «олими кабир», «шахсияти бузург», «мутафаккири муаззам», «доҳии донишу фарҳанг», «бузургтарин хирадманди ҳама замонҳо», «барҷастатарин марди таърихи тамаддуни инсоният» ҳисобидааст, ки воқеан суханони арзандаанд. Муаллифи рисола таъкид бар он дорад, ки «Абуалӣ ибни Сино даҳ аср пеш дар давраи ҳукмронии таассуботи мазҳабӣ ва эътоқодоти хурофӣ парчами  ақл, илм ва ҳикматро барафрохт. Дар шароите, ки ҳаёти инсон назди ҳукуматдорон, мустабидон, зӯроварони феодалӣ арзише надошт, ӯ чун инсонпарвари бузург ба майдон баромада, бо силоҳи илму дониш барои сиҳатии тану ҷони одамӣ ва муҳофизати ҳаёти ӯ мубориза кард ва усули ин муборизаро ба оламиён таълим дод».

Ин рисола ҳамчун сарчашмаи боэътимод барои омӯзиш ва таҳқиқи минбаъдаи рӯзгору осори ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ маводи арзишмандеро фаро гирифтааст, ки хонандагон ва муҳаққиқон бояд сари он биандешанд.

35 соли истиқлоли давлатӣ, хосса муҳаббат ва таваҷҷуҳи бесобиқаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху адабиёт ва  тамаддунамон бори дигар чеҳраҳои мондагори таърихию фарҳангии миллати тоҷикро ба мо ва ҷаҳони имрӯза бештар шинос кард ва дар муаррифии онҳо ба мо минбар дод. Ин талошҳо бори дигар моро муаззаф месозанд, ки  ба таъриху тамаддунамон бештар рӯ оварда, содиқ ба ватану сарзаминамон бошем ва фарзандонамонро дар ин руҳия тарбия намоем.

Сайрам БАҚОЗОДА,
декани факултети филологияи тоҷики
Донишго
ҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,

Вафо ЭЛБОЕВ,
профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj