Сешанбе, 24 ноябр 2026
Варзиш

Ямал бо “Барселона” ба Боку парвоз накард!

Ямал бо “Барселона” ба Боку парвоз накард!

Ҳамлагари «Барселона» Ламин Ямал дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо бар муқобили бошгоҳи «Сабоҳ»-и Озарбойҷон иштирок намекунад.

Хадамоти матбуотии бошгоҳи каталонӣ хабар медиҳад, ки футболбози 19-сола дар пои росташ каме нороҳатӣ эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, ӯ ҳамроҳи даста ба шаҳри Боку сафар нахоҳад кард.

Ямал дар мавсими ҷорӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 17 бозӣ анҷом дода, ба задани 13 гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии «Барселона» ва «Сабоҳ» дар доираи даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо рӯзи чоршанбеи 25-уми ноябр баргузор мешавад.


Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj