Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 бо тими миллии Сенегал мусовӣ – 1:1 кард.
Бозӣ имрӯз, 26-уми ноябр дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор гардид. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор Меҳрубон Одилзода ба самар расонд.
Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ 4 имтиёз ба даст оварда, роҳхати марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026-ро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2007 тими то 17 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол аз гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта буд. Ҳоло, бо гузашти 19 сол ин натиҷаро тими то 17 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол такрор намуд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






