image

Тадбирҳои омӯзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт

date_range12.08.2024, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye148

Дар доираи Нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ вобаста ба пухтани таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта, дӯхти даврию сӯзанӣ ва ташвиқи либоси миллӣ байни занону бонувони ҳудуди ноҳия дар маҳаллаи Маърифати ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби занону бонувони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ баҳри эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, нигоҳдошти беҳтарини суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари дастархонороӣ чорабинии маърифатӣ доир гардид.

Чунин чорабиниҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона замина мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки мунтазам дар маҳаллаҳо аз ҷониби бонувони соҳибтаҷриба чунин тадбирҳо созмон дода мешавад. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши онҳо аз ҷониби ҷавонон аз мақсадҳои асосии ҳамоиш буд, ки он аз ҷониби Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкори бо Шӯрои маҳаллаи Маърифат дар сатҳи зарурӣ созмон дода шуд. Намунаи либосҳои минтақаҳои гуногуни кишвар дар гушаҳои алоҳидаи макони баргузории чорабинӣ пешниҳод карда шуд.

Дар раванди тадбири омӯзишии навбатӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ, раисони Шӯрои кор бо занон ва духтарони шаҳраку маҳаллаҳои худуди ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, ба соҳибзавқии ҳунари волои кадбонуҳо ва дастони моҳири ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни қадимаи ниёгон, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани ҳисси миллии ҳар як сокини маҳалла мебошад. Ҳунармандӣ, хоса танурсозӣ дар ин маҳаллаи ноҳия рушд намудааст, ки намунаи он ба намоиш гузошта шуд. Сокинони ин маҳалла заминҳои наздиҳавлигиии худро самаранок истифода менамоянд ва аз ҳосили рӯёндаашон барои зимистон захира менамоянд. Тавре маълум гардид, ки ҳоло ҷамъоварӣ ва захиракунии маҳсулот идома дорад.

Зимнан дар асоси нақшаву барномаҳои соҳавӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт чорабиниҳои ҳамсони омӯзишӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад, ки дар он бештар ҷавондухтарону бонувон ҷалб мегарданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"