image

Боздиди хонандагон аз Маҷмааи Истиқлол

date_range11.04.2023, 10:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye247

Бо ташаббуси МИҲД-и ш.Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе боздиди хонандагону тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир гардида истодааст.

Ин навбат тарбиягирандагони МД таҳсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе аз маҷмааи “Истиқлол” дидан карданд. Зимни боздид аз маҷмаа тарбиягирандагон доир ба таъриху фарҳанг ва тамоми дастовардҳои миллати тоҷик дар тули таърих маълумоти амиқу муфассал гирифта, аз зебоиҳо ва рушду тараққиёти пойтахти кишвар ошнои пайдо намуданд.

Дар ошёнаи якуми Маҷмааи “Истиқлол” намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, намунаи дастовардҳои аҳли эҷод, толори синамо ва ҳуҷраҳо ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол” Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, нигоҳдорӣ мешаванд.

Тавре масъулини шуъбаи сайёҳии МИҲД-и ш.Душанбе иттилоъ доданд, чунин саёҳатҳо бо иштироки наврасону ҷавонон идома дода мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"