image

КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

date_range20.04.2023, 21:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye300

ш.Душанбе. 20.04.2023. Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кӯмак ва гамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди фитр ба 10349, аз ҷумла 1442 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона, маводи озуқа ва сару либос тақдим карда шуд.

Аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати бошандагону аълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори»-и шаҳри Душанбе, Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати ёрирасони №3»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии Мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзи махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, кормандони муассисаҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, маъюбон ва дигар табақаи эҳтиёҷманд баҳраманд гардиданд.

Кумакҳоро, ки иборат аз туҳфаҳои идона, маводи озуқа ва сару либос буданд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрас намуданд.

Дар арафаи Иди саиди фитр ҳамзамон оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бархурдор гардиданд.