Ҳамоиши илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсия зери номи «Проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» сурат гирифта, дар он роҳбарият, донишмандон ва дигар олимони соҳа ширкат намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти Пажуҳишгоҳ баромад намуда, роҷеъ ба мақсад ва ҳадафи баргузор намудани Конференсия ба иштирокчиён маълумот дод.
Гуфта шуд, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот се лоиҳаи илмӣ амал мекунад ва кормандони Пажӯҳишгоҳ дар доираи онҳо феълан фаъолияти илмияшонро ба роҳ мондаанд.
Дар идома дигар донишмандон низ баромад намуда, афзуданд, ки нишасти илмии имрӯза баррасии масъалаҳои мубраме, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ дар самти ҳифзу гиромидошт ва эҳёи фарҳаги асил роҳандозӣ шудаанд, иборат мебошад.
Дар идома баромадкунандагон роҷеъ ба мавзуҳои «Рушди қонунгузории фарҳанг дар даврони Истиқлол», «Инъикоси масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар матбуоти даврӣ», «Бедор намудани ҳусни таваҷҷуҳи ҷавонон ба фарҳанги миллӣ», «Истиқлолият ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Хатлон», «Рушди муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Рашт дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо» ва «Рушди библиографияи тоҷик дар даврони истиқлол» маъруза пешниҳод карданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ