image

Ҳамоиш вобаста ба беҳгардонии сатҳу сифати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт

date_range03.05.2023, 18:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Дар баробари тадбирҳои дигари соҳавӣ баланд бардоштани маърифати ронандагон дар нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз самтҳои фаъолияти масъулини соҳа ба ҳисоб меравад. Ба хотири таъмини хизматрасониҳои баландсифати соҳа пайваста аз ҷониби сохтору мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе чораву тадбирҳои судманд амалӣ мегардад. Бо ин мақсад мулоқоти роҳбарияти сохторҳои бахши нақлиёти шаҳр бо кормандони ККВД «Троллейбус» баргузор шуд.

Тавре зикр гардид, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бояд дорои маданияти баланди шаҳрвандӣ бошанд ва бо сокинон муоширати хуб намоянд. Зеро дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа онҳо низ муаррифгари асосии фарҳанги шаҳрнишинии мо ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад. Ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт давоми чанд соли охир автобусу троллейбусҳои наву замонавӣ ба хатсайрҳо ворид карда шуда, ҳамзамон хайтсайрҳои нав ташкил гардидааст.

Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони сохтору мақомоти марбутаи бахши нақлиёти шаҳри Душанебе низ ширкат намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар андешаронӣ намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр яке аз бахшҳои асосии самти хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ масъулин талош доранд, ки хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шавад ва камбудиву норасӣ сарвиақт бартараф гардад.

Ҷойи таъкид аст, ки дар шаҳр ҳоло дар баробари хатсайрҳои автобусиву микроавтобусӣ инчунин хатсайрҳои тролейбусӣ ҳам фаъолияти назарас доранд, ки дар баробари мардон ҳоло боунвон низ дар онҳо ба ҳайси ронанда фаъолияти назаррас доранд.

Раҳими Карим 
"ТВ Душанбе"