image

Дар пойтахт ба хотири муаррифии лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» ҷамъомад баргузор гардид

date_range12.05.2023, 09:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye160

Дар Душанбе аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ лоиҳаи нави панҷсола таҳти унвони «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» дар ҳаҷми 19 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муаррифӣ карда шуд.

Ин тарҳи нав рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин карда ба сокинони деҳот имконоти фарогири иқтисодиро фароҳам меорад.

Шарикони рушд ва кишварҳои дӯст бо эътирофи мустақилият ва ташаккулии кишоварзии кишвари мо мутмаинанд, ки Лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» ба ҳадафҳои барномаи нави Ҳукумати ҶТ дар самти рушди устувори низомҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошад.

Ин тарҳ дар иҷрои фаъолияти худ зарфият ва имконоти даромад ба деҳконон, ҷавонон ва занони дар соҳаи кишоварзиву хоҷагидорӣ машғул буда авлавиятро додааст.

Дар ҷараёни муаррифи лоиҳа тазаккур дода шуд, ки тарҳи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» деҳқонон ва соҳибкорони самти кишоварзиро дар тамоми занҷираи арзиши иловагӣ ба ҳам меорад, ҳамкориҳои наздику муфид байни онҳоро тарғиб мекунад ва бо ин роҳ ба тақвияти рақобатпазирӣ ва устувории соҳаи кишоварзии ҶТ саҳм мегузорад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"