Баргузории чорабинии варзишӣ-фарҳангӣ дар қисми ҳарбии 6593
Дар доираи Нақшаи моҳвораи ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ-фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии варзишӣ-фарҳангӣ роҳбаряити Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарбозону афсарони ин қисми низомӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузории чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баланд намудани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии ҳар як насли ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Боиси хушҳолист, ки дар байни ҷавонони тоҷик хислатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ торафт бештар густариш меёбанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ