image

“Хизмат ба Ватан шараф аст”. Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

date_range17.05.2023, 18:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин иқдом дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ бо баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳарбӣ-маърифатӣ роҳандозӣ мегардад.

Ин навбат дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши идона дар қисми ҳарбии 0123-и қушунҳои сарҳадии КДАМ ташкилу баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сохторҳои низомӣ ва сарбозону афсарон иштирок доштанд. Тавре гуфта шуд, бо дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат шароити мусоиди ҳарбӣ муҳайё гардидааст ва бо истифода аз ин шароитҳо ҳимоягарон ҳамеша ба ҳивзи истиқлолият ва амнияти мо омода мебошанд.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дар ҳаёти ҷавонон мавқеи ҳалкунандаро доро буда, ҳуҷҷати тақдирсозест дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд умуман, пешрафти ҷомеаи озод ва насли навраси миллати куҳанбунёди тоҷик.

Дар идома намояндагони саҳмгузор ва сарбозони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.