image

Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бо иштироки хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд

date_range28.07.2023, 11:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye477

Роҳбарият ва кормандони назорати Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя намудани талаботҳои бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ бо роҳбарони корхонаҳо мунтазам вохӯрӣ гузаронида, машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд. Масъулини Хадамот тасмим доранд, ки дар доираи салоҳиятҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории техникӣ ва қабули иншооти ҷашнӣ тибқи риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ саҳми нараррас гузоранд.

Тоҷикистон, ки 93 фисади он кӯҳсор аст, зери ҳар як пора санги он ганҷҳои гаронарзиш нуҳуфтааст. Таи солҳои соҳибистиқлолии Ватан ба рушди саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузурги аҳамияти стратегидошта ва ба коркарду истифодаи сарватҳои табии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Дар ин самти ҳаётан муҳим, ки яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат аст, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро доро аст.

Назорат кардани бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ ин як масъулияти бузургест, ки аз ҳар як мутахассис масъулияти баланду дониши мукаммал ва таҷрибаи васеъро тақозо мекунад. Дар ҷаҳони муосир пешрафту тараққиёти ҷомеа ва ҳар як кишвар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ вобастагии зич дорад. То кадом андоза бехатар ба роҳ мондани фаъолияти самтҳои саноат бошад устворӣ ва сифати маҳсулотро таъмин мекунад. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории ҶТ иброз гардид, ки тамоми бехатарии корҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории тамоми гӯшаву канори кишвар таҳти назорати қатъии гурӯҳҳои корӣ қарор дорад.

Масъулин баҳри бехатарии корхонаҳо тамоми тадбирҳоро рӯи даст гирифтаанд. Бо ин мақсад мутахасссисони Хадамот дар ҳама корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва корхонаҳои кӯҳкорӣ вохӯриву машваратҳоро ба таври доимӣ гузаронида, барои дар амал татбиқ кардани қонуну қоидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳои муфид дода, мубодилаи таҷриба мекунанд. Маҳз ҳамин гуна машваратҳо ва гузаронидани семинару омӯзишҳо ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёти одамон дар корхонаҳои саноатӣ мусоидат мекунанду камбудиҳои техникӣ саривақт бартараф карда мешавад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"