image

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» таваққуфгоҳи нав ифтитоҳ ёфт

date_range29.07.2023, 12:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye360

Бо иштироки мувоини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин дар заминаи Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи нақлиётии ёрии таъҷилии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Траве иттилоъ дода шуд, ин таваққуфгоҳ дар масоҳати зиёда аз 250 метри мураббаъ бунёд шуда, дар он зиёда аз 50 адад воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар як вақт имкони ҷойгиршавиро доранд.

Зимни ифтитоҳи таваққуфгоҳ иттилоъ дода шуд, ки минбаъд воситаҳои нақлиёти муассиса, ки дар тавозуни Маркази ёрии таъҷилии тиббии МТ Истиқлол мебошанд, аз ин иншооти ёрирасони маҷмаа истифода менамоянд. Маркази ёрии таъҷилии тиббии Истиқлол дорои ду адад нақлиёти эҳёгарӣ ва 50 адад нақлёити ёрии таъҷилии тиббӣ мебошад.

Ҳамзамон баҳри бемориҳои шадиди кӯдакони навзод ва таваллуд дар хона як адад нақлиёти махсуси ёрии таъҷилии тиббии кӯдакона хизматарсонӣ менамояд. Кормандон ва табибони Маркази ёрии таъҷилии тиббии МТ Истиқлол шабонарӯзӣ кӯшиш менамоянд, ки ба сокинон ва тамоми муроҷиаткунандагон хизматрасонии саривақти тиббиро расонанд.

Маҷмааи тандурустии Истиқлол дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст. Маркази ёрии таъҷилии тиббии маҷмаа яке аз бахши фаъол дар раванди хизматрасонии муассиса дониста мешавад, ки ба таври шабонарӯзӣ кормандони он ба сокинон хизматрасонӣ менамоянд. Дар ҳудуди марказ барои воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тамоми шароит аз қабили таъмиргоҳ ва нуқтаи захираи сузишворӣ муҳайё карда шудааст. Бо бунёди ин тафақуфгоҳ шароити нигоҳдории воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар ҳудуди маҷмаа беҳтар гардидааст.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"