Намоиши филмҳои барҷаста ва драмаҳои телевизионии Пекин дар хориҷа дар меҳмонхонаи Хилтони пойтахт
Ҳамкориҳо рушд меёбанду теъдоди шартномаву созишномаҳо барои додугирифт бештару бештар мегарданд. Ин навбат муносибатҳои хуби Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар асоси принсипҳои неку арзишҳои бузурги таърихӣ бунёд ёфтаанд, синамосозони ду кишвар, ширкатҳои филмофар, намояндагони бахши телевизиону фарҳангро ба ҳам овард ва платформаи муносибу муосидро барои табодули таҷрибаву роҳандозии ҳамкориҳо дар амал фароҳам сохт.
Дар доираи Мавсими “Намоиши филмҳои барҷаста ва драмаҳои телевизионии Пекин дар хориҷа”, имрӯз ба тариқи маҷозӣ миёни синамоофарони Тоҷикистону Хитой ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он Назариён Обид Одилзода муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шабакаҳои телевизионии мамлакат, намояндагони сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон ва синамосозону роҳбарони ширкатҳои санамоофарии Хитой дар формати онлайн иштироку суханронӣ карданд. Ҷонибҳо дар самти боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар бахши синамосозиву офаридани филмҳои муштарак мароқ зоҳир карда, роҳандозии фаъолияти якҷояро дар оянда қадами муҳим ҷиҳати тавсеа додани ҳамкориҳои гуногунсамти ду кишвар маънидод карданд.
Аз ҷумла, иштирокчиён барои амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамосозӣ, афзун намудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Хитой ва аз он ҷо дар кишвари мо, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳо дар мавзӯъҳои арзиши таърихии Роҳи абрешим ва моҳияти тарҳи “Як камарбанд, як роҳ” дар замони феълӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ҳамоиши имрӯза ғайр аз табодули андешаву гуфтушунид, инчунин самараи хуби амалӣ низ овард. Зеро барои равнақ додани ҳамкориҳо, сабти силсилафилмҳо, драмаҳои телевизионӣ ва татбиқи дигар тарҳҳои муштарак Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва Бюрои радио ва синамои Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ низ ба имзо расонидаву дар тадбири имрӯза муаррифӣ карданд. Ин санад роҳи нави ҳамкорӣ миёни Телевизиони “Сафина” ва Бюрои радио ва синамои Пекин унвон шуд ва иброз гардид, ки амалишавии пурраи он ба рушди бештари ҳамкориҳо, рӯйи навор омадани филмҳои нави муштарак, тарҳҳои ҷадиде, ки манфиатҳои ҳарду ҷонибро бозгӯӣ менамояд, боис мегардад. Тадбири имрӯза марҳилаи аввали ҳамкориҳо дар соҳаи синамосозӣ маънидод гардида, гуфта шуд, ки давра ба давра намоиши филмҳои тоҷикиву хитоӣ ва наворбардории филмҳои муштараки нав амалӣ карда мешавад.
Иброз гардид, ки то имрӯз ага чи ангуштшумор ҳам бошад, буданд тарҳҳои муштараки ҳуҷҷатие, ки сари он ҳайати эҷодии ду ҷониб корбарӣ кардааанд, ҳамсони филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Бабри барфӣ. Дар заминаи созишномаҳои нав ва майлу хоҳиши зиёди ду ҷониб чунин тасмимҳо минбаъд зиёд ва теъдоди лоиҳаҳои якҷоя ба тарзи чашрас афзун хоҳад шуд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш миёни ҳунармандони тоҷик, мутахассисони соҳаи синамосозӣ, коргардону роҳбарони муассиса ва ширкатҳои филмофарии Тоҷикистону Хитой муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ ба тарзи саволу ҷавоб баргузор гардид. Ҳарду ҷониб иброз доштанд, ки заминаи асосии ҳамкориҳо ин муносибатҳои ҳасанаи таърихиву имрӯзаи ду давлат ва ҳамсоягии нек буда, дар ҳамин партав минбаъд онҳо саъй хоҳанд кард, ки филмҳои муштараки Тоҷикистону Хитой рӯйи экранҳо биёяд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ