ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2024, дар Майдони Истиқлоли Пойтахт барномаи фарҳангии бошукуҳ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳр Табарзода Ҷамшед ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахтро аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо Соли нав табрик ва муборак гуфта, паёми табрикии Раиси шаҳрро ба ҳозирин расонид.
Сипас баҳри болидахотирии ҷамъомадагон беҳтарин сарояндагон, мутрибон ва ансамблҳои рақсии кишвар барномаи зебои консертии хешро пешкаш намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба пешвоз ва ҷашнгирии Соли нави мелодии 2024, аз ҷониби МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» дар Майдони Истиқлол арчаи солинавӣ гузошта шуда, инчунин баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ, фаввораҳо навиштаҷоти «2024», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтони гуногун, одамчаҳои барфӣ, хонаи бобои барфӣ, персонажҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, чархофалакҳо ва дигар унсурҳо гузошта шудаанд, ки майдон дар ҳақиқат ба як шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст.
Сокинону меҳмонони Душанбешаҳр ҳамарӯза ба ин макони афсонавӣ омада, аз фазои солинавӣ баҳравар мегарданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ