image

Ҷараёни Озмуни даставии «Ҷилои дониш» дар ноҳияи Сино

date_range04.01.2024, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye381

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 бори нахуст озмуни даставии «Ҷилои дониш» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шахри Душанбе баргузор карда шуд, ки мақсади он дарёфт ва рушди хонандагоне мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, хосатан ба фанҳои табиӣ-риёзӣ нигаронида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни даставии «Ҷилои дониш» дар як давр яъне даври ноҳиявӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва география гузаронида шуда, аз ҳар муассисаи таълими 7 даста аз синфи 5 то 11, ки ҳар даста аз 5 нафари иборатанд ҳақи ширкат варзиданро дар ин озмун доранд.

Боиси қайд аст, ки бо мақсади таъмини шафофият дар Озмуни даставии «Ҷилои Дониш» нафарони алоҳида ҷараёни баргузории озмунро таҳти назорат гирифта буданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур муддати 6 рӯз идома ёфта ғолибон дар вазъити тантанавӣ қадрдонӣ мегарданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"