image

ИШТИРОКИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МУАРРИФИИ ЭЛЕКТРОБУСҲО ВА ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ

date_range19.01.2024, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Электробусҳои тамғаи “Акиа НЕРӮ” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Нақлиёти мазкур бо 12 метр дарозӣ, 32 ҷойи нишаст доранд ва ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошанд.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зарфи 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ дар маҷмӯъ 410 адад аз корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350кВт соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати ҳаррӯза бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мазкур дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 адад электробус бунёд гардида, барои истифода пурра омода мебошанд.
Ҳамчунин давоми рӯз, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии “Ахтаракро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар рафти шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 4000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бунёд гардида, аз таҳхона ва се ошёна иборат ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 26 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад. Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст. Иншоот дорои ошхона бо 70 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрока, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.