image

Баргузории Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range23.01.2024, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye356

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон чорабинӣ доир гашт.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъулини маорифи ноҳия дар саҳни Литсейи рақами 5 бо корҳои лоиҳавӣ ва ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шинос гардиданд. Бояд гуфт, ки аз 17 то 23 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» баргузор мегардад.

«Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон» бо мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040», ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, шиносоӣ бо навовариҳои илм ва истеҳсолот, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияҳои муосир, мусоидат дар рушди тафаккури техникӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули қобилияти эҷодиву зеҳнӣ доир мешавад. Дар ин рӯз хонандагон ихтирооти худро ба масъулин нишон дода оид ба мақсад, фаъолият ва кори лоиҳаи худ маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки «Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон» ҷиҳати омодагии ҷиддии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва барои татбиқи амалии дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тақвияти корҳо дар самти дарёфт, ҳавасмандгардонӣ ва тарбияи истеъдодҳои нав дар бахшҳои ихтироъкориву навоварӣ эълон гардида, нахустин маротиба дар ин сатҳ ташкилу баргузор мешавад.

Сипас дар толори муассиса маросими ҳавасмандгардонии беҳтарин иштирокчиён ва муассисаҳои таълимӣ дар самти ихтироъкорӣ доир гашт. Масъулин зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки дар шаҳри Душанбе солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди техника, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни кӯдакон ва наврасон афзудааст. Иштироки бевоситаи аъзои маҳфилҳои равияи техникии Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар озмунҳои гуногуни ноҳиявию шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто самараи ин таваҷҷуҳ аст. Ҳамин гуна ба тамоми роҳбарони муассисаиҳои таълими ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар раванди баргузории «Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон» дар ноҳия саҳм муносиб гузоштан сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"