image

Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар бо сокинони маҳаллаҳои Маърифат ва Қаротегини ноҳияи Фирдавсӣ

date_range24.01.2024, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye448

Дар МТМУ рақами 45-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии гуруҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои Маърифат ва Қаротегини ноҳия доир гардид.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид, зикр шуд зимни ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар.

Инчунин зимни баромади дигари иштирокчиён бо ишора ба паём зикр гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Маърифатӣ ҳуқуқии сокинон ва масъалаҳои марбути он аз ҷумлаи мавзӯҳои дигари баррасишуда дар кори ин ҳамоиш буд. Ин масъла змини баромадти корманди масъули Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳлилу хулосабарорӣ гардид. Масъалаҳои дигари мубрами рӯз низ дар идомаи мулоқот баррасӣ шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"