image

ДТТ дар соли 2023 байни 40 МТОК ҶТ мақоми 8-умро ишғол кардааст

date_range02.02.2024, 12:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye432

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро зина ба зина амалӣ намуда, мавқеъи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд намуда истодааст-ин нуқта қайд гардид зимни нишасти хабарии роҳбарияти ин муассисаи олии таълими бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар.

Иттилоъ дода шуд, ки агар дар соли 2018 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинг байни 40 Муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 12 умро ишғол намуда бошад, пас донишгоҳ дар соли 2023 мақоми 8-умро касб кардааст, ки нисбат ба соли 2018 чор зина боло аст.

Тибқи иттилоъ дар соли 2023 дар Донишгоҳ ҳимояи рисолаҳои хатм аз рӯи 41 ихтисоси шӯъбаи рӯзона, 13 ихтисоси факултети таҳсилоти фосилавӣ ва аз рӯйӣ 9 ихтисоси шӯъбаи магистратура баргузор гардиданд.

Дар арафаи ҳимояи рисолаҳои хатм теъдоди умумии хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура ба 871 нафар баробар буд. Баъди анҷоми фаъолияти Комиссияҳои аттестатсионии хатм дар умум 856 нафар хатмкунандагон соҳиби касб гардиданд, ки 98 фоизи теъдоди хатмкунандагонро ташкил менамояд. Роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ соли 2023-ро барои Донишгоҳ соли бобарор унвон намуданд. Зеро дар ин сол донишгоҳ бо 18 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"