image

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range15.02.2024, 19:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248
ш.Душанбе. 15.02.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар МД «Маркази кӯдакону наврасон» барномаи фарҳангии устодон ва шогирдони мактаби ҳунарии навозандагони асбобҳои миллии зарбӣ таҳти унвони «Зарбҳои умедбахш» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон ва шогирдони мактаби ҳунарии навозандагони асбобҳои миллии зарбӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, қайд кард, ки барномаи фарҳангии «Зарбҳои умедбахш» бо мақсади муаррифии ҳунари навозандагии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ташкил шуда, дар доираи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар пойтахт барои солҳои 2021-2025 амалӣ гардида, як навъ дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмиомалӣ дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо арзёбӣ мегардад.
Дар воқеъ, санъату мусиқӣ яке аз василаҳои асосии тарбияи зебоипарастии инсон буда, он ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ дар Консепсияи миллии тарбия дар кишвар ҷой дода шудааст.
Тадриси санъату мусиқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи махсус дошта, илова бар ин навъҳои гуногуни он дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба насли наврасу ҷавон тавассути ташкили машғулиятҳои алоҳида омӯзонида мешавад, ки дар ин миён маҳфилҳои навозиши асбобҳои миллии зарбӣ, аз қабили доира ва таблак байни наврасон маҳбубияти хоса доранд. Сози доира асбоби маъмул ва қадимии тоҷикон буда, он дар иҷроиши навъҳои гуногуни мусиқии миллӣ васеъ истифода мешавад. Садои доира садои шодӣ ва муждагонӣ аз паёму падидаҳои нишотбахш аст.
Дар идома аз ҷониби устодону шогирдони маҳфил ва иттиҳодияҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Сарраёсати маориф ва мактабҳои санъату мусиқии назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз навозишҳои ҷаззоб ва рақсу таронаҳои дилнишин пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Мунаввара Мирхолова
"ТВ Душанбе"