image

Бо ибтикори Маркази худшиносии бонувон дар ш.Душанбе мизи мудаввар доир шуд

date_range27.02.2024, 15:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар ш.Душанбе» ҷиҳати баланд бардоштани ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагони ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва оид ба татбиқи нишондоди Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ ва оила» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар раванди чорабинӣ кормандони марказҳои ёрирасон, марказҳо ва бахшҳои тиббию иҷтимоӣ ва масъулини сохтору мақомоти марбута иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии вазъи пошхӯрӣ, хушунат ва зӯроварии оилаҳои ҷавон дар ҷомеа, роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам мебошад.

Ҳамчунин ба иштирокчиён навори маърифатӣ пешниҳод шуд, ки он дар доираи компоненти «Хизматрасониҳои босифати дастраси мавҷуда» аз ҷониби сохтори «Смм-занҳо» ва шарикон дар доираи ташаббуси «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон бо мақсади решакан намудани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон омода шудааст.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"