image

“Рақамикунонии саноати хӯрокворӣ: муаммоҳо ва дурнамо”. Таҳти ин унвон дар ДТТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ доир шуд

date_range28.02.2024, 13:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye375

Дар доираи нақша - чорабиниҳои Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ зери унвони “Рақамикунонии саноати хӯрокворӣ: муаммоҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм дар донишгоҳи Технологии Толҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур, намояндагони Маҷлиси намояндагонии МО ҶТ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, КВД “Хӯрокворӣ”, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, собиқадорони саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки дар раванди татбиқи стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 – “Солҳои рушди саноат” ин бахши иқтисоди ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, корхонаҳои саноатӣ дар роҳи рушди инноватсионӣ мунтазам талош варзида истодаанд.

Дар раванди чорабини маърӯзачиён зимни баромади илмию таҳлилии хеш оид ба масъалаҳои мубрами авлавиятдоштаи калидии рушди бемайлони кишвар: рақамикунонии соҳаҳои хӯроквории саноат, таъмини амнияти озуқаворӣ, инкишофи илмӣ - амалӣ, роҳандозии зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои саноат, таҳқиқи вазъи иқтисоди рақамӣ дар шароити саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъдабандиҳои байналмилалӣ баромад намуданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"